Озодбек Назарбеков унвони ҳунарманди шоистаи Туркманистонро дарёфт кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистонро бо унвони ҳунарманди шоистаи Туркманистон сарафроз кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии давлатии Туркманистон хабар дод.
Дар фармони раисҷумҳури Туркманистон гуфта мешавад, ки Озодбек Назарбеков барои саҳмгузорӣ дар тақвияти робитаҳои дӯстона ва ҳамсоядӯстӣ дар миёни мардуми ду кишвар ва рушди ҳунари мусиқӣ бо ин унвон сарафзор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Озодбек Назарбеков дар даврони раисҷумҳурии Ислом Каримов унвонҳои ҳунарманди шоиста ва ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон ва ҳунарманди мамрдумии Қорақалпоқистонро дарёфт карда буд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ