Аз 5-уми июл ҳаракати нақлиётҳо боз маҳдуд карда мешавад

Аз 5-уми июл ҳаракати нақлиётҳо боз маҳдуд карда мешавад


Дар ҳудудҳои «сурх» ва «зард» боз маҳдудиятҳо дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мегардад.
Мувофиқи қарори навбатии Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ оид ба таҳияи барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус ба Ӯзбекистон:
Дар ҳудудҳои «зард» аз соати 06:00 то 22:00;
Дар ҳудудҳои «сурх» аз соати 07:00 то 10:00 ва аз соати 17:00 то 20:00 мошинҳо иҷозат дода мешаванд. Маҳдудиятҳо аз соати 00:01-и 1-уми июли соли равон ба амал меоянд.
Бояд гуфт, ки аз 30-юми март то 20-уми апрели соли равон барои ҳаракати нақлиётҳо дар шаҳрҳои Тошканд ва Нукус, инчунин марказҳои вилоятҳо бояд аз марказҳои хизматрасонии давлатӣ стикерҳои махсус гирифта шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ