Ӯзбекистон музокираҳо бобати пайваст шудан ба СҶБ-ро фаъол мекунад


Ҳукумати Ӯзбекистон музокираҳои гурӯҳи корӣ бобати пайвастшавии кишвар ба Созмони ҷаҳонии бозаргониро дубора оғоз мекунад.
Дар ин бора маркази матбуъотии вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Ҷаласаи навбатӣ дар ин бора рӯзи 7 июл, баъди таваққуфи 15-сола баргузор мегардад. Ин тадбир дар сурати видеоконфронс баргузор хоҳад шуд. Мақомоти Ӯзбекистон таъкид мекунанд, ки пайваст шудани кишвар ба СҶБ ҳалли чанд масъалаи марбут ба рушди иҷтимоъӣ-иқтисодии Ӯзбекистонро тақозо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон соли 1994 мақоми мушоҳидакунанда дар Тавофуқномаи кулли тарофаҳо ва тиҷоратро дарёфт карда буд. Соли 1998 гурӯҳи музокиротӣ барои пайваст шудани кишвар ба СҶБ эҷод шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ