То ману ту кӯҳ буду санг буд…

То ману ту кӯҳ буду санг буд…

Наворро такроран бо диққати том тамошо мекунам: «…Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, тарҷимон, рӯзноманигор, драманавис ва нависандаи машҳур Гулрухсор Сафиева дар Самарқанди куҳанбунёд…»

Воқеоти мавриди тирамоҳи порина ба ёдам ҷилвасоз мегардад.
Рӯзе ба андеша фурӯ рафта, аз хаёл гузаронидам, ки ба синну соли нафақа расидам ва бори гарони серкорӣ чун пештара тамоми имкони кориамро банд намесозад. Шукри Худо, аз камбудии вақти холӣ ранҷ намекашам. Пас чаро озодона ба корҳои эҷодӣ напардозам?
Чуноне, ки устод Лоиқ Шералӣ гуфтаанд: «Чандин замон дигар шавад, чандин макон дигар шавад…» Маконам-ку ҳамон аст, вале замони дигаре, то бо афъоли дилхоҳ озодона шуғл варзам, фаро расидааст.
Албатта, танаффусҳои чандинсола беасар неву оне, ки дар доираи имкон пешина метавонистам, ҳоло бароям муяссар нест.
Вақт ёфта якчанд матолиб ҳозир кардам ва рӯзе ба ҷониби шаҳри Самарқанд раҳсипор гаштам. Вориди идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» шудам, ки солиёни дер муқаддам ин ҷо чун «хонаи зисти худам» буд…
Аз он дӯстоне, ки вақтҳое равобиту ҳамкориҳо доштем, Тошқул Азимзодаро пайдо кардам. Сӯҳбате оростем аз вазъи ҳозираву ёди хотираҳои овони ҳанӯз навташкил будани «Овози Самарқанд».
Пай бурдам, ки мавриди кори таъҷили рӯзнома аст. Ба суханони хушбошӣ пардохта будам, Тошқул ака гуфтанд, то сабр кунам, онон ҳоло меҳмон доранду баъди гусели он фард хоҳанд, бо ҳам мусоҳибаро идома медиҳанд. Пурсидам, ки меҳмон кист? Ба посухи шунидаам бовар накарда такроран суол сохтам ва… Оҳиста арзи ниёз намудам, ки оё ман низ метавонам дар ин сӯҳбат ширкат варзам?
Дар утоқи на он қадар калоне шоҳиди давраи бошукӯҳе гардидам. Фардони босалобат ба суханони меҳмони арҷманд гӯш мекарданд. Боварӣ надоштам. Пиндоштам, ки хобам?! Вале хоб набудам. Оре, устод Гулрухсорро мавриди шастсолагии умрам бори аввал бо чашми худ медидам!..
«Дар идораи рӯзнома вохӯрӣ бо Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ва ҳамроҳони ӯ Умеда Давлатзодаву Иброҳим Дӯстализода ба амал омад… Дар вохӯрӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷ. Ҳамроев, Б. Хуррамова, Д. Ҳазратқулова, А. Воҳидов, шоиру нависандагон Н. Каримзода, Б. Убайдуллоҳ, А. Истад, З. Ҳасанзода, Б. Ҷумъа иштирок доштанд ва мубодилаи афкор карданд…» (Аз дарҷи рӯзнома).
Мусоҳибаи устод дар идораи рӯзнома, сипас беруни утоқ низ идома ёфт. Санъатвари волои сухан намунаҳое аз шумораҳои рӯзномаро аз назар гузаронида, андешаҳои худро иброз медошт…
Хабарнигори маъруфи самарқандӣ Шаҳло Аҳророва маро дида ҳолпурсӣ кард. Мехостам аз ашъори устод Гулрухсор назди худашон қироат созаму ибрози сеҳру сози ин сатрҳо шавқмандона нақл кунам! Вале бо яке аз кунҷҳои фикри масти вазъи ҳолам базӯр дарк месохтам, ки ҳоло мавриду фурсати ин нест.
Дар наворе, ки Шаҳлохон ҳозир намуда, пешниҳоди мухлисон гардониданд, дарҷ гардиааст, ки ин вохӯриҳо чӣ сон ҳаяҷонбахшу воломазмун гузаштанд.
– Бача будам, кӯдак будам, Самарқандро ҷигарбанд гуфтам, – мегуфт устод Гулрухсор. – Ба ҳамин маъно мегӯям, ки Самарқанд ҷигарбанди ҷаҳон аст, ҷигарбанди фарҳанги ҷаҳон аст! Вале ин ифтихори сода нест, ин ифтихори хушку холӣ нест! Дар ҳар ғишти ин бинои Самарқанд як фарҳанг ҳаст, як садо ҳаст, як фиғон ҳаст, як мужда ҳаст. Як орзу ҳаст, як умед ҳаст. Самарқандро дӯст доштан ин қаҳрамонӣ нест, Самарқандро дӯст доштан инсонро дӯст доштан аст. Ҳунари инсонро дӯст доштан аст…
– Ба Самарқанд ба пеши шумо меоем, ба назди шумо меоем. Яъне, ки мардум назди самарқандиён меоянд. Ин ифтихор аст: самарқандӣ будан!
Якҷоя якчанд акс гирифтем! Вақте, ки мо, бандаю Тошқул Азимзода ва Ҳамза Ҷӯра, равони кӯчаи мӯҳташами шаҳри Самарқанд будем, дигар худдорӣ карда наметавонистам! Шеър мехондам аз ёд, аз сатрҳои ҷозибу таронаосори устод Гулрухсор:
То ману ту кӯҳ буду санг буд,
Оби дарё буду оби чашм буд.
Меҳр буду сеҳр буду заҳр буд,
Марг буду зиндагиву хашм буд…
Пагоҳӣ Ҳамза ака занг зада, гуфтанд, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд вохӯрӣ бо устод Гулрухсор баргузор мегардад. Сипас, пурсиданд, ки сухан кардан мехоҳам? «Агар мумкин бошад?..» ҷавоб додам.

Андешаҳову эҳсосамро ҳар қадаре, ки тавонистам, иброз доштам дар ин анҷумани бошукӯҳ!.. Оиди шеъри устод Гулрухсор, «Ман барои ту ба дунё омадам», сухан ронда, тарҷумаи онро аз ҷониби худ ба забони ӯзбекӣ хондам. Санъатварони сухани воло барои мо ба дунё омадаанд, то ки мӯъҷизаҳои дунёро дарк созем, мӯъҷизаҳоеро, ки мӯъҷизаосори умқҳои дилҳои ташнаҳоямон мебошанд.
Ин шеъри воломаънову волотаъсирро басо дӯст медораму зуд-зуд такрор мехонам, вале одатан на то охир. Бори гарони охири он чунон ларзаовар аст, ки ман қувваи ҷисмонии тобоварии онро надорам.
Инак, нусхаи нопурраи тарҷимаи шеърро, ки ба тарзи таъҷилӣ аз компутерам гирифта будам, ба устод додам.
Вақто ба устод гуфтам, ки ин тарҷимаи то охир нест, таъкид карданд, ки ҳамаи корҳои дунё нотамом аст…
Фикри устодро оиди тарҷимаам ҷуръату ҳол надорам, то ин ҷо дарҷ созам! Онро дарк мекунам, аз он рӯз ин ҷониб гӯё ҳаёти нави ман оғоз ёфт. Чуноне, ки се сол қабл баъди амалиёти ҷарроҳии басо вазнин ба табиби ҷавони ҷарроҳ гуфта будам.
Чун яке аз мухлисони бешумор аз фурсати дастхатгирӣ истифода бурдам. Китоби «Гаҳвораи сабз»-и худро дар дастам дида, «ин китоб хеле қиматбаҳову нодир аст», гуфтанд. Худашон ҳамагӣ як нусхаи онро доранд. Онро дар Эрон аз нав нашр карданианд.
Аз ҳамон рӯз ин ҷониб бароям аз ҳама гуворотарин оне мебошад, ки устод дар дастхати худ чӣ навиштаанд! Мефахраму меболам! Вале аз ба ҳама гуфтани ин худдорӣ мекунам, то шунидагон маро ба худситоӣ айб накунанд…
Пас аз якчанд рӯз боз ба идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» рафтам. Нусхаи тарҷимаи пурраи он шеър ва боз як-ду тарҷимаи навро аз эҷоди устод дар даст доштам. Пурсон шудам, ки оё метавонам онҳоро равон созам? Муҳаррир Баҳодури Убайдуллоҳ гуфт, ки ин мумкин асту шогирдон ба ин ёрӣ мерасонанд…

Рӯзе додарзодаам Нодир иброз дошт, то ман аз фейсбук истифода барам. Гуфтам, ки ба корбарии компутер хеле дер шурӯъ кардааму омӯхтани ҳар як чизи нав мушкил аст. Ӯ оиди ин маълумотҳо дода, фаҳмонид, ки чӣ тавр кор мекунам. Кам-каме таҷриба ҳосил мекардам. Мутаассифона, бо вазъи ногувори карантинҳои имрӯза на ҳама вақт аз ёрии устоди компутердонам баҳраманд мегардам.
Инак, рӯзе на бо ёрии устод, ба фикри худам ба коре даст задам. Саҳифаи устод Гулрухсорро аз фейсбук ёфта, муроҷиат кардам: «Оё бо Шумо сӯҳбат кардан мумкин аст?» Ҷавоб омад: «Ман – Бахтовар, админи саҳифаи устод Гулрухсор мебошам…»
Имрӯзҳо тарҷимаҳоям дар фейсбуки мухлисони устод дарҷ меёбанд. Аз «лайк»ҳову ҳатто «супер»ҳо курта-курта гӯшт мегирам.
Боз ба сатрҳои шеъри «Ман барои ту ба дунё омадам» назар меафканам. Сухани устодро ба ёд меорам: «Ҳамаи корҳои дунё нотамом…» Ба ин шеър даст задан бароям хеле душвор аст. Ба таҳлили ин шеър.
Мутафаккири замон, нависандаи бузург Чингиз Айтматов ба шарҳи як сатри шоири бузург Борис Пастернак «И дольше века длится день» (Рӯз бештар аз аср кашад тӯл) китоби калоне навишта буд! Оре, он романи нахустини ӯ буд, ки бо як сатри шеъри ин шоир сар мешавад. Овони ҷавониам дар нашри аввалинаш чун «роман газета» онро бо шавқу мароқи том хонда будам. Оре, ӯ охир Чингиз Айтматов аст! Адиби чи сон воломақом!
Ба орзу айб нест, мегӯянд. Мехоҳам, ки ба шарҳи шеъри устод Гулрухсор «Ман барои ту ба дунё омадам» китобе набошад ҳам, аз рӯи имкон қиссае бинависам…

«Касе, ки корашро аз сулҳ, ишқ, муҳаббат, эҳтиром ва ифтихор оғоз мекунад, ӯ ҳамеша муваффақ мешавад. Ба ин инсони бузург, ба ин марди майдон, Президенти Ӯзбекистон ман бахту саодат, ба корашон муваффақият орзу мекунам. Мо ҳамаамон дӯстем, бародарем, мо ҳамсояем. Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст».
Ҳангоми мушоҳидаи навор ин суханони устод Гулрухсорро шунида, чашмони хоҳарам Салимахон ашколуд гашт. Ин бесабаб набуд. Хоҳарам мавриди ҷавониаш ба сокини шаҳри Душанбе ба шавҳар баромада, азобу машаққатҳои садди роҳҳои байни ду мамлакатро бисёр чашидааст. Ва вақте фаро расид, ки байни ин ду мамлакат дарвозаҳо бозу роҳҳо кушода шаванд. Дида ба дидори дӯстон расад!..

Ҳусниддин ФАЙЁЗОВ,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ