Истгоҳ ё хобгоҳ?

Истгоҳ ё хобгоҳ?

Вазъияте, ки аз сабаби вируси корона дар тамоми ҷаҳон пойдор аст, водор месозад, ки ба қоидаҳои асосии гигиенӣ риоя намоем. Пӯшида нест, ки дар пешгирӣ ва бартараф сохтани паҳншавии он ходимони соҳаи тиб ва корҳои дохиливу соҳаҳои дахлдор шабу рӯз меҳнат мекунанд. Албатта ин сазовори эътироф аст. Лекин аз беэътибории мардуми маҳаллӣ ва ходимони соҳаи ҳуқуқ ва тартибот баъзе истгоҳҳои шаҳр ба «хобгоҳ» табдил ёфтаанд.
Мисол, дар истгоҳҳои бозори Сиёб (Шодиёна), назди беморхонаи сироятии вилоят ва мактаби рақами 6-и шаҳр як гурӯҳ майзадаҳо пинак мераванд. Аз афту бӯйи бади онҳо мусофирон ба нишастан ҷуръат накарда, дар таги офтоби гарм интизори автобус мешаванд. Чунки нишастан дар он курсиҳо ва наздик шудан ба ин «қаҳрамонҳо» нохуш аст. Ҳолатҳои гигиении онҳоро касе намепурсад. Агар дар байни онҳо як бемор пайдо шавад, оқибаташро тасаввур карда бинед. Баъд аз ғоиб шудани онҳо якчанд мусофир ба ҷойи нишаст менишинанд, даст мекобанд.
Аз ин кӯчаҳо гузар карда, фикре омад. Оё ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ чунин манзара омил шуда наметавонад? Истгоҳ барои нишасти мусофирони роҳ аст ё барои дамгирии майзадагон? Мо ҷавоби саволро аз мутахассисони соҳа интизор мешавем!

Н.БОБОАҲМАД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ