Мувофиқи ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар вилоят 15233 нафар ҷавонон бо кори доимӣ таъмин гардиданд

Мувофиқи ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар вилоят 15233 нафар ҷавонон бо кори доимӣ таъмин гардиданд

  1. Дар се соли охир бо ташаббус ва ёрии амалии Сарвари давлат доир ба фаъолияти Иттифоқи ҷавонон 50-то қонун ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ қабул шуданд.
  2. Бо мақсади рағбатноксозии ҷавононе, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофоти давлатии “Мард ӯғлон” ва медали “Келажак бунёдкори” таъсис ёфт. 37 нафар ҷавонони фидокор ва ватанпарвар бо ордени “Дӯстлик” ва медали “Шуҳрат”, 56 нафар бо мукофоти давлатии “Мард ӯғлон” ва 28 нафар бо медали “Келажак бунёдкори” сарфароз гардиданд.
    Дар вилояти Самарқанд 4 нафар ҷавонон мукофоти давлатии “Мард ўғлон”, як нафар медали “Келажак бунёдкори” ва 3 нафар нишони сарисинагии “Ўзбекистон белгиси”-ро гирифтаанд.
  3. Ҳоло беш аз 21 ҳазор ташкилоти ибтидоии Иттифоқ фаъолият дорад. Дар онҳо беш аз 7 миллион 689 ҳазор нафар ҷавонон ҷамъ омадаанд. Доир ба мувофиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи ҷавонон дар 186-то вазорат, идора ва ташкилотҳо Шӯрои пешоҳангон ташкил гардидааст.
    б) Дар ҳудуди вилоят 20136 ташкилоти ибтидоии Иттифоқи ҷавонон фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар 1245 мактаби ҳамагонӣ, 714 корхонаву ташкилот, 67-то коллеҷи касбиву ҳунарӣ ва 10 муассисаи таълими умумӣ ташкилотҳои ибтидоӣ амал мекунанд.
    Дар солҳои 2018-2019 35 фоизи маблағи шартномаи таҳсили 12897 нафар донишҷӯёне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон хизмати ҳарбии муддатнокро адо карда, соҳиби тавсияномаи фармондеҳи қисмҳои ҳарбӣ гардидаанд ва дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мегиранд, пардохта шуд.
  4. Дар асоси “Нақшаи мақсаднок” доир ба таъмини шуғли ҷавонон дар соли 2020, ҷамъ 407 023 нафар ҷавонони бекори 18-30 сола ба рӯйхат гирифта шуданд ва аз онҳо бо кор таъмин кардани 303388 нафар дар назар аст. Бино бар ҳолати 1-уми майи соли ҷорӣ 139198 нафар писар-духтарон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
    б) Мувофиқи ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар вилоят 15233 нафар ҷавон бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
  5. Дар муддати сипаришуда дар асоси Барномаи давлатии “Yoshlar – kelajagimiz” барои 7243 лоиҳаи тиҷоратӣ ҷамъ 1 534,7 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо ва дар заминаи он 33107 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
    б) Дар доираи Барномаи давлатии “Yoshlar – kelajagimiz” барои 126 нафар ҷавонони ташаббускори шаҳри Самарқанд ҷудо кардани 35 195 миллион сӯм кредит ва дар заминаи ин ташкил намудани 663 ҷойи кории нав дар назар аст.
  6. Дар ҳудудҳо 25-то марказҳои “Тадбиркорони ҷавон” ва 155-то маҷмӯаҳои “Гузари меҳнати ҷавонон” ба истифода супупрда шуд ва 2122-то ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
    б) То имрӯз дар 7 шаҳру ноҳияи вилоят “Гузари меҳнати ҷавонон” фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нарпай 3-то, дар ноҳияи Иштихон 2-то, инчунин, дар ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Пайариқ, Ургут ва Нуробод, ҷамъ 10-то маҷмӯаҳо бунёд гардида, дар онҳо беш аз 110 нафар ҷавонон кор мекунанд.
    Дар солҳои 2017-2019 ба 2668 оилаи ҷавон “Хонаҳои ҷавонон” супурда шуда, ба миқдори 121 миллиарду 244 миллион сўм пардохти ибтидоӣ бо шарти дар давоми 20 сол бефоиз баргардонидан супурда шуд.
    б) Дар вилоят ба 389 оилаи ҷавон дар асоси кредити имтиёзнок хонаҳо супорида шудаанд.
  7. Аз соли 2019 бо мақсади афзунсозии саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонони ноболиғ гузаронидани озмуни “Ҷавонон ва қонун” ба роҳ монда шуд. Дар озмун 1 987 586 нафар донишомӯзи 8973 мактаби таълими умумӣ иштирок карданд.
  8. Байни Суди олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонон аз 5-уми декбари соли 2017 доир ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон меморандум имзо гардид. Дар асоси ҳамин дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 710 нафар ҷавононе, ки аз кори худ пушаймон шудаанд, дар асоси “Кафилии Иттифоқи ҷавонон” ах толори суд озод карда шуданд.
    б) То имрӯз Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба 104 нафар ҷавонон хати кафилӣ дода, аз онҳо 100 нафар аз толори суд озод карда шуданд.
  9. Соли 2020 доир ба татбиқи сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон дар ҳамкорӣ бо 124-то вазорат, идора ва ташкилотҳо “Барномаҳои ҷавонон” иборат аз 2345 банд имзо гардид ва барои таъмини иҷрои барномаҳо аз тарафи вазорат, идора ва ташкилотҳо 27,1 миллиард сӯм маблағ равона карда шуд.
  10. 64871 нафар ҷавонон дар 54 ҳазору 232,5 гектар замине, ки ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҷудо карданд, бо кишоварзӣ машғуланд ва барои ташкили захираҳи хӯрокворӣ дар мамлакат саҳм мегузоранд.
    Хизмати матбуоти Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ