НОМАШ ДАР ДИЛҲО МЕМОНАД… Ҷумъа ҲАМРОҲ, Абдусалом САМАДОВ, устодони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

НОМАШ ДАР ДИЛҲО МЕМОНАД… Ҷумъа ҲАМРОҲ, Абдусалом САМАДОВ, устодони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

  • Post category:Фарҳанг



Аҳли факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқандро боз як мусибате пеш омад. Чанде пеш марги бешафқат собиқ дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ, омӯзгори варзида Насриддинзода Бахтиёр Рустамовичро низ ба коми худ кашид.
Насриддинзода Бахтиёр Рустамович 21-уми марти соли 1942 дар гузари Заргарони шаҳри Самарқанд дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кӯдакӣ ва бачагии ӯ ба солҳои мудҳиш ва машъуми ҷанг ва баъдиҷангӣ рост омад. Вақте ки аз падараш «хати сиёҳ» омад, ӯ яксола буд. Модари омӯзгораш Лӯъбат Ҳамроқулова тамоми меҳру муҳаббати худро ба фарзанди ягонааш бахшид. Натиҷаи ин ғамхориҳои модари мушфиқ буд, ки Бахтиёри ҷавон мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳрро бомуваффақият ба итмом расонда, таҳсилро дар бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, давом медиҳад. Дар як курс бо шоиру рӯзноманигорони маъруфи имрӯза Салим Кенҷа, Муайяна Хӯҷаева, ҳамсари бовафою оқилаи шодравонаш Мавҷуда Зарифова ва дигарҳо аз устодон таълим мегирад.
Шавқу ҳаваси суханшиносӣ баъд аз хатми донишгоҳ (1964) низ Бахтиёр Насриддинзодаро осуда намегузорад. Ӯ дар солҳои 1964-1966 аввал дар мактаби хатмкардааш — рақами 8 ва баъдан дар шӯъбаи маорифи халқи шаҳри Самарқанд фаъолияти меҳнатии худро давом медиҳад. Пайваста бо фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби мазкур таҳти раҳнамоии муаллим Рафаэл Аведян курси дусолаи омӯзиши забони форсиро, ки пештар дар донишгоҳи маҳбубаш амал мекард, ба итмом мерасонад.
Бахтиёр Насриддинзодаро соли 1967 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнии Самарқанд ба сифати лаборант ба кор даъват мекунанд ва минбаъд чун омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик фаъолияти худро идома медиҳад. Солҳои 1968-1971 дар аспирантураи Институти педагогии Душанбе таҳти роҳбарии адабиётшиноси маъруф Холиқ Мирзозода ба таҳқиқу баррасии мавзӯи кори тадқиқотии худ машғул шуда, дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва маводи девони Урфии Шерозӣ (1556-1591) ҷараёни ҳаёт ва мероси адабии ӯро муайян менамояд. Муҳаққики ҷавон дар асоси мероси адабии ин шоири форсизабони Ҳиндустон, ки дар Эрону Ҳинд ва Рум шӯҳратёр гардидааст, дар бораи хусусиятҳои эҷодиёти ӯ, алалхусус, арзиши тарбиявию иҷтимоии офаридаҳояш мулоҳизаҳои тозаро манзур менамояд, ки қисмате аз онҳо дар мақолаҳои «Назаре ба ҳаёт ва шахсияти Урфии Шерозӣ», «Урфӣ ва муносибати ӯ ба ғазалиёти Саъдию Ҳофиз» ва монанди инҳо ифода ёфтаанд. Инчунин, муҳаққиқи ҷавон дар муаммоҳои баҳсталаби илмӣ изҳори назар намудааст, ки мақолаҳои «Мавҷи хаёлот», «Ту зиндаӣ, Ҳофиз!» ва ғайраҳо гувоҳи он мебошанд.
Бахтиёр Насриддинзода баъди дифоъи рисолаи номзадӣ ба зодгоҳаш Самарқанд баргашта, дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ ба ҳайси дотсент фаъолият нишон медиҳад. Солҳои 1977-1981 аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун тарҷумони забони дарӣ ба сафари хизматӣ ба Ҷумҳурияти Афғонистон фиристода мешавад. Дар солҳои мусофират дониши хуби забону адабиёти форсию дарӣ, ошноӣ бо хату алифбои арабиасоси форсӣ ёвари ӯ мешаванд. Муҳаққиқу омӯзгори ҷавон дар ин мусофирати чорсола мисли дӯсту ҳамкори азизаш, шоири фақид Хуршед Қамариддинов баробари адо намудани қарзи интернатсионалии худ бо таъриху маданият, адабиёт, урфу одати тоҷикони берунмарзӣ аз наздик шинос шуда, нозукиҳои илми тарҷимаро меомӯзад.

Баъди бозгашт ба зодгоҳ фаъолияти пурҷӯши меҳнатии Бахтиёр Насриддинзода оғоз меёбад. Дар соли 1981 ӯро ба вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишкада таъин мекунанд. Дар давоми фаъолияти меҳнатии худ ӯ барои баланд бардоштани сатҳи таълими забону адабиёти тоҷик, такмили ихтисоси омӯзгорони кафедраҳои ихтисосии факултет, таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва ғайра саъю эҳтимоми зиёд ба харҷ медиҳад. Дар ин давр факултети филологияи тоҷики донишкада бо муассисаҳои дигари илмию таълимии ҷумҳуриҳои бародарӣ, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Тошканду Душанбе, Маскаву Санкт-Петербург, Ашқободу Кировоград алоқаю равобити наздик барқарор сохта, дар байни факултетҳои дигар мавқеи намоёнеро ишғол менамояд.
Маъмурияти донишкада ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дониши амиқу қобилияти ташкилочигии Бахтиёр Насриддинзодаро ба эътибор гирифта соли 1985 ӯро аввал ба вазифаи проректори шӯъбаи шабонаю ғоибона ва каме баъдтар ба вазифаи проректори корҳои таълимии донишкада таъин менамоянд. Як муддат иҷрокунандаи вазифаи ректори донишкада ҳам мешавад. Дар давоми кор дар ин вазифаҳои масъулиятнок Бахтиёр Насриддинзода дониши амиқу ҳарҷониба, маҳорати баланди роҳбарӣ ва қобилияти назарраси ташкилотчигии худро намоиш медиҳад.
Бахтиёр Насриддинзода минбаъд пайваста корҳои илмию тадқиқотии худро давом дода, дар мавзӯъҳои усулҳои таълими забону адабиёт дар мактабҳои олӣ, таҳқиқи арзиши ахлоқию тарбиявии офаридаҳои адибони бузургамон мақолаҳои илмӣ менависад. «Шоирони дузабонаи Афғонистон дар сарчашмаҳои ҳиндии асри ХУ1» (1988), «Тарбия аз назари Урфии Шерозӣ» (1989) ва монанди инҳо аз ҳамин ҷумлаанд.
Соли 1991 ин донишкада ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамроҳ карда мешавад. Биноан, Бахтиёр Насриддинзода ҳам дар радифи ҳамкорони худ фаъолияти илмию омӯзгории худро дар ин таълимгоҳи олӣ то соли 2002 идома медиҳад. Ӯ тӯли ин солҳо ҳамчун ҷонишини декан оид ба корҳои маънавию маърифӣ бурда, чун нозири рейтинги заҳмат кашид, ба амалиёти педагогии онҳо сарварӣ кард. Дар вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ба толибилмон аз фанҳои таърихи адабиёти мумтоз таълим дода, ба корҳои илмии онҳо роҳбарӣ намуд. Баробари ин, бо таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти маорифпарварӣ ва ҷадид, алалхусус, муаммоҳои ҳаёту эҷодиёти симоҳои намоёни ин ҷараёни адабӣ М.Беҳбудӣ, А.Фитрат, С.Аҷзӣ, Т.Асирӣ ва дигарҳо машғул шуд ва бо адабиётшиносони шодравони донишгоҳ Ғ.Маҳмудов, Ҳ.Аҳроров мақолаҳои пурмӯҳтаво навишт.
Баъди ба нафақа баромадан Бахтиёр Насриддинзода дар байни мардуми маҳаллаи худ Хӯҷа Абдуи дарун низ чун соҳиби хислатҳои неки инсонӣ, шахси худогоҳу масъулиятшинос шӯҳрати калон дошт. Ӯ солҳои 2003-2005 ҳамчун раиси ҷамоати шаҳрвандони ин маҳалла барои ободонӣ, барқарор намудани муҳити солим дар оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои ногувор байни ҷавонон, камхарҷу пурмазмун гузаронидани тӯю маъракаҳо заҳмат кашид. Бахтиёр Насриддинзода сардори оилаи тинҷу осоишта буд. Якҷоя бо ҳамсари вафодораш Мавҷуда Зарифоваи шодравон, ки 30 соли фаъолияти меҳнатиашро дар муассисаи таълимии томактабии рақами 67-и шаҳри Самарқанд ҳамчун мудира сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, се писар — Ҳамза, Фаридун ва Бахтоварро бо меҳру муҳаббат ба камол расонид. Имрӯз онҳо номбардори муносиби волидайни дуогӯяшон буда, ҳар кадоме дар ҳаёт роҳи худро ёфтаанд. Имрӯз ҷойи Бахтиёрбобою Мавҷудабибии дуогӯйи фарзандону келинҳо ва 9 набераву 8 абера холист. Аммо хотираи дурахшон, амалҳои неки онҳо боиси ифтихору шарафи онҳост.
Номи ӯ дар дили ҳамкасбон, дӯстон ва пайвандонаш солҳои дароз мемонад, хислатҳои некаш боиси ёдоварӣ мегардад. Байтҳои зерини Урфии Шерозӣ ҳам аз он далолат медиҳанд, ки поёни умри инсонӣ ба як ҳарф асту он бо ин ҳикояти нотамом ба анҷом мерасад ва гӯё ҳолномаи Бахтиёр Насриддинзода барин инсонҳои накӯкору нексиришт мебошанд:
Тамом буд ба як ҳарф хатму мо ғофил,
Ҳикояте, ки ҳама нотамом мегуфтанд.
Ба Каъба сад раҳ наздику дур дидам лек,
Бигӯ, ки савмаъадорон кадом мегуфтанд…

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ