Дар Самарқанд як омӯзгоҳ ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд

Дар Самарқанд як омӯзгоҳ ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуд


Кормандони бахши мубориза бо фасод (коррупсия) ва ҷиноятҳои иқтисодии шӯбаъи корҳои дохилӣ ва идораи Хадамоти амнияти давлатии вилояти Самарқанд дар пайи як амалиёт омӯзгори Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтусози Самарқандро ба занни ришваситонӣ боздошт карданд.
Бино ба хабари маркази матбуъотии шӯъбаи корҳои дохилии вилоят, як сокини ноҳияи Самарқанд рӯзи 16 июни соли ҷорӣ ба ШКД дохилӣ арз кард, ки як омӯзгори ДДМСС барои дохил кардани ӯ ба донишкада 5 ҳазор доллари ИМА дархост мекунад ва 2 ҳазор доллари онро ҳам пеш аз кор мехоҳад. Шаҳрванд хост, ки дар мавриди ин омӯзгор чораи қонунӣ дида шавад.
Кормандони бахши мубориза бо фасод (коррупсия) ва ҷиноятҳои иқтисодии шӯбаъи корҳои дохилӣ ва идораи Хадамоти амнияти давлатии вилоят бар асоси аризаи шаҳрванд рӯзи 16 июн як амалиёти махсус баргузор карданд. Омӯзгори ДДМСС ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар аз он шаҳрванд боздошт шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ