Шӯрои иқтисодии ИДМ 15 санади ҳамкориро қабул кард

Шӯрои иқтисодии ИДМ 15 санади ҳамкориро қабул кард

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 30 июн 86-умин ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти раёсати Ӯзбекистон дар сурати видеоконфронс баргузор шуд.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ин ҷаласа муъовинони роҳбарони ҳукумати кишварҳои узв, сарони вазоратҳои иқтисодӣ ва раёсати кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар ин ҷаласа 15 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисод, молия, ҳамлу нақл, байторӣ ва ғайра қабул шуд.
Тарафҳо дар мулоқот дар мавриди вазъияти кунунии иҷтимоъиву иқтисодии кишварҳои ИДМ ва иқдоми дастаҷамъӣ барои коҳиш додани пайомадҳои пандемия табодули афкор карданд.
Дар поёни мулоқот тарафҳо бобати баргузории 87-умин ҷаласаи шӯро моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тошканд ба тавофуқ расиданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ