Ҷаҳон

Сенати Бразилия лоиҳаи қонуни муҷозот барои хабарҳои “фейк”-ро тасдиқ кард


Сенати порлумони Бразилия лоиҳаи қонуни муҷозот барои мунташир кардани хабарҳои дурӯғ – фейкро тасдиқ кард. Дар ин бора Давид Алколумбре, раиси Сенати ин кишвар дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Ӯ гуфт, “… Мо бояд таъкид кунем, ки озодбаёнӣ набояд бо таҷовуз, хушунат ва таҳдид омехта гардад”.
44 нафар сенатор аз лоиҳаи ин қонун пуштибонӣ карданд. 32 нафар алайҳи он раъй доданд. Акнун маҷлиси поини порлумони Бразилия бояд ин лоиҳаро тасдиқ кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ