Ӯзбекистон

Facebook беш аз 300 сафҳаи ифротгароёнро ҳазф кард


Маъмурияти Facebook беш аз 300 сафҳаи шабакаи иҷтимоъиро, ки вобаста ба ҷунбиши ифротгарои амрикоии Boogaloo, ҳазф кард. Ҳадафи ин ҷунбиш роҳандозии дувумин ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА мебошад. Ин хабар дар сайти ширкати Facebook мунташир шуд.
Ҳамзамон бо сафҳаҳои ҳазфшуда беш аз 100 гурӯҳи ифротгароёнаи Boogaloo аз байн рафт. Илова бар ин, тақрибан 500 гурӯҳ, ки матлабҳои онҳо низ монанди матлабҳои ифротгароён буд, ҳазф гардид.
Расонаҳои хабарии ИМА менависанд, ки бархе аз фаъолони гурӯҳи ифротгароии Boogaloo, ки ҳадафашон роҳандозии дувумин ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА аст, дар тазоҳуроти марбут ба марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст ҳузур доштанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ