Ӯзбекистон

ДАР ВИЛОЯТ ЧАНДТО МУАССИСАИ ХУСУСИИ ТИББӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД?


Ҳоло дар вилоят 586 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият дорад. 491 муассиса дар шароити амбулаторӣ ва 95 муассиса дар шароити статсионарӣ фаъолият доранд. Ин муассисаҳо дорои 3676 ҷойи хоб доранд.
Тӯли моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар вилоят ҷамъ 20 муассисаи хусусии тиббии нав ташкил гардид, ки аз онҳо 6 муассиса дар шароити статсионарӣ ва 14 муассиса дар шароити амбулаторӣ кор мебаранд. Дар заминаи ташкили муассисаҳои хусусии тиббии нав 146 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Дар сектори хусусӣ беш аз 7000 кормандони тиббӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 2318 нафар шифокорони тоифаи олӣ мебошанд.
То анҷоми сол ташкили 45 муассисаи хусусии тиббӣ дар назар аст, ки дар заминаи ин 480-то ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.
Сарсадорати рушди иқтисодӣ ва ихтисори камбизоатии вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ