Ҷаҳон

Шумори гирифторони коронавирус дар Бразилия ба 1,4 миллион нафар расид


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Бразилия 33 846 нафар мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати тандурустии Бразилия дар сафҳаи худ дар Твиттер эълом кард.
Ҳамчунин, дар як шабонарӯз 1 280 нафар бемор вафот карданд. То ба ҳол дар ин кишвар 1 402 041 нафар гирифтори COVID-19 ва 59 594 нафар қурбони он шуданд.
Дар зимн, 790 040 нафар бемор шифо ёфтанд.
Бар асоси додаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон беш аз 10 миллион мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Беш аз 499 ҳазор қурбони бемории COVID-19 шуданд.
Манбаъ: Новости

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ