Қабули ҳуҷҷатҳо ба мактабҳои касбу ҳунар аз кай оғоз мегардад?

Қабули ҳуҷҷатҳо ба мактабҳои касбу ҳунар аз кай оғоз мегардад?


Дар соли нави хониш ба муассисаҳои таҳсилоти касбии вилоят қабули 17780 нафар таҳсилгирандагон ба нақша гирифта шудааст. Аз инҳо 37 мактаби касбу ҳунар, 5 коллеҷ ва 22 техникумҳо мебошанд.
Барои соли хониши 2020-2021:
– ба 37 мактаби касбу ҳунар барои 11353 ҷойи кории корхонаву ташкилотҳо дар асоси супориши аз рӯйи 51 намуди касбҳо қабули 7380 нафар ба нақша гирифта шудааст;
– ба 5 коллеҷ барои 3234 ҷойи кории 197 корхонаву ташкилотҳо дар асоси супориш аз рӯйи 24 ихтисос қабул кардани 1710 нафар таҳсилгиранда дар назар аст;
– ба 22 техникум барои 10482 ҷойи кории 421 корхонаву ташкилотҳо дар асоси фармоиши аз рӯйи 96 ихтисос нақшаи қабули 8690 нафар таҳсилгиранда тартиб дода шудааст.
Инчунин, аз 54 коллеҷи касбиву ҳунарӣ, ки ба тасарруфи Вазорати таълими халқӣ гузаронида шудааст, 49 навъи таҷҳизоти хонишӣ-амалии 27 коллеҷи касбиву ҳунарӣ ва хазинаи китобу таҷҳизоти китобхонаҳои 36 коллеҷ пурра ба ҳисоби 25 коллеҷи касбиву ҳунарӣ, ки фаъолияти худро давом медиҳанд, гузаронида мешавад.
Бо баёни рақами 1-и ҷамъомади комиссияи давлатӣ муддати қабули ҳуҷҷатҳо ба мактабҳои касбу ҳунарӣ ҷумҳурӣ муқарар гардид. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони синфи нӯҳуми мактабҳои ҳамагонӣ (ариза, шаҳолатнома ва фотосурат дар андозаи 3×4) ба мактабҳои касбу ҳунар аз 5-уми июл то санаи 20-уми июли соли ҷорӣ ба таври онлайн ташкил карда мешавад.
Дар мактабҳои навтаъсиси касбу ҳунар ба хатмкунандагони синфи IX таълим дар шакли рӯзона гузаронида шуда, таҳсил ду сол давом мекунад. Таҳсилгирандагон дар асоси барномаҳои интегратсионии фанъои умумтаълимӣ ва ихтисосӣ таълим мегиранд.
Ба мактабҳои касбу ҳунар хатмкунандагони синфи нӯҳум қабул гардида, қабули ҳуҷҷатҳо дар шакли онлайн сурат мегирад.
Дар коллеҷ ва техникумҳо қабули ҳуҷҷатҳо аз 20-уми июл сар мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ