Ҷаҳон

Пентагон: Трамп барномаи хориҷшавии 9,5 ҳазор низомии ИМА аз Олмонро имзо кард


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА барномаи берун овардани 9,5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Олмонро тасдиқ кард. дар ин бора Ҷонатан Ҳофман, намояндаи расмии вазорати мудофиъаи ИМА дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Ӯ таъкид кард, ки ин ҳадаф бояд ба роҳандозии робитаҳо бо шарикон ва беҳтар кардани мавқеъияти ИМА дар Аврупо шароит фароҳам кунад.
Ҳофман афзуд, ки Марк Эспер, вазири мудофиъаи ИМА ва Марк Милли, раиси кумитаи муттаҳидаи фармондеҳони ситодҳои ИМА дар Конгрес суханронӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи июн хабари барномаи Доналд Трамп бобати хурӯҷи як қисми низомиёни омрикоӣ аз Олмон дар расонаҳои хабарӣ мунташир шуда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ