Шавкат Мирзиёев санади ҳамкории низомӣ дар чорчӯби СҲШ-ро имзо кард

Шавкат Мирзиёев санади ҳамкории низомӣ дар чорчӯби СҲШ-ро имзо кард


27 июни соли 2007 “Тавофуқномаи баргузории размоишҳо дар миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай” имзо шуда буд. 29 апрели соли 2019 Баёнияи ворид кардани илова ба ин тавофуқнома имзо гардид.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон рӯзи 30 июн қонуни тасвиби (ратификатсия) ин Баёнияро имзо кард.
Ин қонун ҳамкории кишварҳои узви созмонро дар заминаи низомӣ-фаннӣ тақвият медиҳад ва амнияти низомии тарафҳоро таъмин мекунад.
Ҳамчунин, ин қонун ба тақвияти тавони низомии нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, омодасозии кодрҳои низомӣ ва баргузории размоишҳо кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Сенати Олий Маҷлис 26 июни соли 2018 қонуни “Дар бораи тасвиби Тавофуқномаи баргузории размоишҳо дар миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай”-ро пуштибонӣ карда буд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ