Ӯзбекистон ва Фаронса барномаҳои муштараки омодасозии халабонҳоро таҳия мекунанд

Ӯзбекистон ва Фаронса барномаҳои муштараки омодасозии халабонҳоро таҳия мекунанд


Вазорати ҳамлу нақли Ӯзбекистон, Донишгоҳ давлатии ҳамлу нақли Тошканд, Мактаби миллии ҳавопаймоии маданӣ ва мактаби бизнеси Тулуза бо ҳадафи роҳандозии робитаҳои ҳамкорӣ, омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ барои соҳаи ҳавопаймоӣ дар оянда як видеомулоқот барпо карданд.
Бино ба хабари вазорати ҳамлу нақли кишвар, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шуд.
Тарафҳо дар поёни мулоқот бобати имзо кардани ёддоштҳо дар чанд замина тавофуқ карданд. Аз ҷумла, эҷоди пойгоҳи таҳсилотии Донишгоҳи давлати ҳамлу нақли Тошканд, таҳия кардани барномаҳои муштараки омодасозии халабонҳо барои ҳавопаймоӣ барномарезӣ шуданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ