Ӯзбекистон метавонад мезбони мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар соли 2027 гардад. Дар ин бора сойти расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои довталаб то 30 июни соли ҷорӣ аризаи худро барои мезбонии ин мусобиқа ба КФО супурдаанд. Ҳиндустон, Эрон, Қатар, Арабистони Саъудӣ ва Ӯзбекистон дар ин замина рақиби ҳамдигар ҳастанд.
КФО дар тӯли як сол пешниҳод ва вазъияти кишварҳои номзадро меомӯзад ва соли 2021 мезбони ҶО-2027-ро эълом мекунад.
Манбаъ: kun.uz
