Бонки Осиёии Рушд барои ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо кард

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои такмили ихтисоси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос медиҳад, хабар медиҳад намояндагии бонк дар ин кишвар.
«Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуғл ва музди меҳнат, инчунин тавсеаи имконоти оҷонсиҳо оид ба шуғл ва муҳоҷират, 30 миллион доллар грант ҷудо карда мешавад», — омадааст дар хабар.
Гранти иловагӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар инчунин аз Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон ҷудо карда мешавад, ки онро БОР идора мекунад.
«Ин лоиҳа хусусан ҳоло муҳим аст, зеро Тоҷикистон интизори афзоиши бекорӣ ва муҳоҷирони баргашта бинобар пандемияи COVID-19 мебошад» гуфт Эко К. Изава, Сардори Идоракунии Лоиҳаҳои Иҷтимоӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ