СММ: Дар Туркманистон коронавирус нест, зеро ҳукумат чунин мегӯяд

СММ: Дар Туркманистон коронавирус нест, зеро ҳукумат чунин мегӯяд


Елена Панова, раиси дафтари (офис) Созмони милали муттаҳид дар Ашқобод баёнияи ҳукумати Туркманистон дар бораи набудани коронавирус дар кишварро тавзеҳ дод. Ӯ гуфт, “Ҳамчунон, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст, мо дар СММ дар мавриди ҳолатҳои мубталошавӣ маълумотеро, ки ҳукумати Туркманистон медиҳад, ҳамчун асос мегирем. Бале, дар ҳоли ҳозир ба созмони ҷаҳонии тандурустӣ паёме дар бораи мубталошавӣ нарасидааст”.
Ба гуфтаи вай, Туркманистон бо иқдоми саривақтии ҳукумат – бастани марзҳо ва таваққуфи кулли парвозҳои байналмилалӣ аз ворид шудани коронавирус пешгирӣ карда тавонист.
Панова афзуд, ки дар Туркманистон дар ҳар як километр мураббаъ 13 нафар мардум рост меояд, дар ин кишвар шаҳрҳои пурҷамъият нест ва ин низ метавонад як сабаби дигари набудани коронавирус дар ин ҷо бошад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ