Сӯҳбати виртуалии Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид

Сӯҳбати виртуалии Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид

Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео рӯзи сешанбе бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи таъминоти амнияти озуқавории минтақаро дар заминаи пандемия баррасӣ намуд. Дар ин бора дар иттилоияи хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА зикр шудааст.
«Котиби давлатии ИМА дар муколамаи виртуалии сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи «C5 + 1» муштаракан бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзид. Котиби давлатии ИМА ҷонибдории кишварашро аз ин платформаи дипломатӣ барои манфиатҳои умумӣ дар соҳаи амният, ба шумули сулҳ дар Афғонистон, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва савдо, тасдиқ намуд», — омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.
Помпео изҳор намуд, ки «ИМА дастгирии бемайлонашро аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад».
«Котиби давлатӣ инчунин аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар самти таҳким ва тавсеаи суботи иқтисодӣ ва равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар заминаи пандемия ёдовар шуд,» — гуфта мешавад дар иттилоия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ