Тоҷикистон: шумораи гирифторони коронавирус аз 6 ҳазор нафар афзуд


Бино ба маълумоти Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди гирифторони сабтшудаи COVID-19 дар ин кишвар имрӯз марзи 6 ҳазор нафарро убур кард
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоёни сабтшуда то 1 июл ба 6005 нафар расид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар мамлакат 4627 нафар ё худ 77%-и гирифторон аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ин ҷумҳурӣ зиёда аз 7 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ