Имрӯз рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш аст

Имрӯз рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш аст

  • Post category:Ҷаҳон

Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.
Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд.
АИПС байни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ