Вазири тандурустии Зеландияи Нав ба далели нақзи қоидаи карантин истеъфо дод

Вазири тандурустии Зеландияи Нав ба далели нақзи қоидаи карантин истеъфо дод


Дэвид Кларк, вазири тандурустии Зеландияи Нав қоидаҳои карантинро нақз кард ва истеъфо дод.
Жасинда Ардерн, сарвазири ин кишвар пазируфта шудани истеъфои Кларкро эълом кард.
То интихоботи порлумонии Зеландияи Нав, ки 19 сентябр баргузор мешавад, ки Крис Хипкинз, вазири таълим муваққатан раиси ниҳоди тандурустӣ мегардад.
Рӯзи 25 март дар Зеландияи Нав карантин эълом шуд. Дэвид Кларк дар ин муддат ду бор қоидаҳои карантинро нақз кард. Бори аввал ӯ дучархасаворӣ кард, бори дигар бо аҳли хонаводааш ба сайру гашт рафт.
Дар он ҳангом Кларк аз истеъфо сарпечӣ карда буд. Вале ба далели нақзи карантин аз вазифаи дигараш – муъовинии вазири молия барканор шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ