Путин мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад

Путин мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад
  • Post category:Ҷаҳон


Комиссиюни марказии интихоботи Русия рӯзи 2 июл гуфт, баъди шумори 100% баргаҳо муайян шуд, ки 78 дарсади раъйдодаҳо тарафдори пешниҳоди президент Владимир Путин дар заминаи тағйироти конститутсионӣ будаанд. Каме бештар аз 21% гуфтанд, ки мухолифини тағйирот ҳастанд. Дар раъйпурӣ, ки бо сабаби пандемия ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум аз 25 июн то 1 июл идома кард, 65% раъйдиҳандагон иштирок карданд.
Шумори бештарини тарафдорони тағйироти конститутсионӣ дар Чеченистон будаанд. Дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ 98% ба тарафдорӣ овоз додаанд. Мақомот гуфтанд, ки дар дигар минтақаҳо ҳам аксари сокинон ба тарафдорӣ овоз додаанд.
Кремлин гуфт, тағйирот барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, Путини 67-сола тавассути ин тағйирот мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад.
Ба овоздиҳандагон танҳо пешниҳод шуд, ки ба тарафдорӣ ва ё мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Ҳукумат бисёр талош кард, ки дар ҷомеа ҷонибдорони ин тағйирот зиёд шаванд.
Аз миёни 200 тағйиру иловаҳо яке аз пурбаҳстаринаш он аст, ки собиқаи президентии Путин ба ҳеч баробар шуда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки баъд аз соли 2024 ду давраи дигари шашсола, яъне то соли 2036 барои курсии президентӣ мубориза барад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ