Нахустин қурбонии коронавирус дар Қашқадарё

Нахустин қурбонии коронавирус дар Қашқадарё


Дар Қашқадарё беморе, ки ба шифокор дер муроҷиъат кард, даргузашт. Ӯ марди 64-сола буд. Ин 27-умин марги мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон мебошад.
Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки бемор сокини ноҳияи Ғузор буда, рӯзи 7 июн ба вилояти Тошканд сафар мекунад ва рӯзи 12 июн бо қатораи “Афросиёб” бармегардад. Баъди 3 рӯз, 15 июн ӯ таб мекунад ва муддати дароз дар хона мемонад.
Бемор дар 5 соли охир бо ташхиси диабети қанд таҳти назорати бемористон муъолиҷа мегирифт.
Рӯзи 29 июн вазъияти саломатии ӯ вазнин мешавад ва бо ташхиси пневмония, норасоии дилу шуш ва диабети қанд дар бемористон бистарӣ мешавад.
Бо вуҷуди кӯшиши мутахассисон, ӯ вафот кард.
Дар Ӯзбекистон паиҳам 4 рӯз вафоти мубталоёни коронавирус сабт мешавад ва шумори кулли даргузаштагон ба 27 нафар расид.
То ҳол дар Тошканд 14 нафар, дар Намангон 4 нафар, дар Самарқанд, Ҷиззаҳ, ва Сурхондарё 2 нафар ва дар Фарғонаву Бухоро якнафарӣ қурбони коронавирус шуданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ