Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Федератсияи Россия суҳбати телефонӣ анҷом доданд


Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ибтидои суҳбат Сарвари давлат Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Россия сидқан табрик намуда, таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Россия пеша кардааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Россия хизмат хоҳанд кард.
Дар ин зимн, Президенти Ӯзбекистон ба мардуми дӯсти Россия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Россия ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар доираи сӯҳбат масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани саммитҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Ташкилоти ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ