Назарбоев аз коронавирус шифо ёфт

Назарбоев аз коронавирус шифо ёфт

Тести аввалин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои муайян кардани COVID — 19 манфӣ баромад, хабар дод сухангӯи Назарбоев Айдос Укибой дар Twitter.
Рӯзи 18-уми июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID — 19 хабар дода шуд. Пас аз ин хабар Назарбоев танҳонишинӣ мекард.
«Ман хабарҳои хуш дорам. Тести имрӯзаи президент барои муайян кардани коронавиус манфӣ баромад. Тибқи дастурҳои пизишкон Назарбоев ҳамоно хонанишинӣ карда, дуркор мешавад ва бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунад», — навиштааст сухангӯи Назарбоев.
Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 528 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудаас. Дар умум дар кишвар 42 574 кас гирифтори COVID — 19 шудааст. Шумораи беморони бидуни нишонаҳо ба ин омор дохил намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ