Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шуд


Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Тавре гуфта мешавад, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Фармоишгар ва пудратчӣ ҶДММ «Сохтмончиёни Суғд» буда, лоиҳаи он аз ҷониби ПИЛҶ «САНИИОСП» таҳия гардидааст. Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2 -буда, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст.
«Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад», — хабар медиҳад манбаъ.

khovar.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ