Русия фурӯши доруи зидди коронавирусро оғоз кард

Русия фурӯши доруи зидди коронавирусро оғоз кард

  • Post category:Ҷаҳон


Русия содироти доруи “Авифавир”-ро, ки барои дармони мубталоёни COVID-19 пешбинӣ шудааст, оғоз кард. Дар ин бора хабаргузории Новости гузориш додааст.
Ин дору қаблан барои муъолиҷаи бемории Эбола истифода шудааст. Вазорати тандурустии Русия дар моҳи май коромад будани ин дору бар зидди коронавирусро тасдиқ карда буд.
Белорус якумин кишварест, ки доруи “Авифавир” ба он содир мегардад. Дар ҳоли ҳозир содироти он ба Қазоқистон барномарезӣ шудааст ва ҳамчунин содирот ба кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ баррасӣ мегардад.
Чанде пеш ширкати дорусозии амрикоии Gilead нархи доруи ремдесивирро, ки ҳоло мавриди озмоиш қарор дорад, эълом кард. Дар сойти ин ширкат нархи як ампулаи дору 390 доллар мебошад.
Гуфта мешавад, ки доруи “Авифавир” нисбатан арзонтар аст. Барои муъолиҷаи бемор 6 дона ампула зарур буда, муддати муъолиҷа 6 рӯз аст. Нархи ин муъолиҷа 2340 доллар мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ