Дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон шаҳрвандони Ӯзбекистон дармонданд

Дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон шаҳрвандони Ӯзбекистон дармонданд


Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи дармондани шаҳрвандони кишвар дар назди гузаргоҳҳои марзии миёни Русия ва Қазоқистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки сафоратҳои Ӯзбекистон дар Маскав ва Нур-Султон, консулгариҳои шаҳри Қозон ва Ақтау вазъиятро назорат мекунанд.
Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ дар ин бора иттилоъ пайдо кардааст.
Бино ба хабари ВКХ Ӯзбекистон, то поёни ҳафта шаҳрвандони кишвар бо парвозҳои махсус аз Новосибирск, Қозон, Екатеринбург, Маскав ва Ростов-Дон бозмегарданд.
Вазорат аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар ҷойҳои феълии худ бимонанд, ба қоидаҳои карантин риъоят кунанд ва аз ворид шудан ба гузаргоҳҳои марзи Русия ва Қазоқистон худдорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳол дар моҳи май дар шаҳрҳои Самара ва Оренбург низ мушоҳида шуда буданд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар назди марзи Қазоқистон ҷамъ омада буданд то ба ватан баргарданд. Дар чунин вазъият Ӯзбекистон бо ҳамкории Русия ва Қазоқистон беш аз 1500 нафар шаҳрванди худро ба ватан бозгардонда буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ