Дар қароргоҳи сарвазири Канада марди мусаллаҳро боздошт карданд


Пулиси Канада як марди мусаллаҳро дар қароргоҳи Ҷастин Трудо, сарвазири ин кишвар боздошт кард. дар
Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки марди мусаллаҳ субҳи барвақт тавонистааст ба қароргоҳи Трудо, ки ҷиддӣ муҳофиза мешавад, дохил гардад. Дар он ҳангом Трудо дар қароргоҳ набудааст.
Қароргоҳи Трудо дар маҳалли Ридо-холл ҷойгир буда ин маҳалл тааллуқ ба Ҷулия Пайетт, намояндаи расмии маликаи Британияи Кабир дорад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ