Русия таваққуфи парвозҳои байналмилалиро то 1 август тамдид кард

Русия таваққуфи парвозҳои байналмилалиро то 1 август тамдид кард
  • Post category:Ҷаҳон


“Росавиация” таваққуфи парвозҳои байналмилалиро то 1 августи соли ҷорӣ тамдид кард.
Дар ин бора хабаргузории РБК гузориш дод.
Дар оғози моҳи июн аз 15 июл бозкушоии масири парвозҳо пешниҳод шуда буд. Вале ин пешниҳод пазируфта нашуд.
Гуфта мешавад, ки замони боз шудани марзҳоро ҳатто Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ намедонад.
Лавров дар мусоҳиба бо Russia Today’ гуфт, “Мо ҳукумати Русияро дар бораи вазъияти эпидемиологии кишварҳои хориҷа ва ба кадом тартиб боз шудани марзҳои онҳо бо маълумот таъмин мекунем”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ