Дар Баҳрайн “робот-кушанда”-и коронавирусро сохтанд


Дар Баҳрайн рДар Баҳрайн “робот-кушанда”-и коронавирус сохтандоботе озмоиш мешавад, ки бо нурҳои ултрабунафш дар дохили биноҳо коронавирус ва дигар микроорганизмҳоро дар муддати 30 дақиқа 90 дарсад нобуд мекунад.
Бино ба хабари Daily Mail, ҳангоми кори робот дар дохили хона набояд касе бошад. Чунки нури робот метавонад ба ҳуҷайраҳои организми инсон шикаст расонад.
Ин робот 12 забонро медонад, метавонад дараҷаи ҳарорати баданро санҷад. Робот ба фармоиши инсон посух медиҳад ва чеҳраро мешиносад.
Дар ҳоли ҳозир робот дар шароити саноъатӣ ва дар бемористонҳои Баҳрайн озмоиш мегардад.
Гуфта мешавад, ки қаблан чунин роботҳо, ки бо нурҳои кимиёӣ вирусҳоро нобуд мекунад, дар ИМА, Чин ва Дания низ истеҳсол шудаанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ