Рӯзи 3-юми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Рӯзи 3-юми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.

Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.

Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.

Соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.

Соли 1886 муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.

Соли 1915 дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

Соли 1928 аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ