Рӯзи гузашта гирифторӣ ба коронавирус дар миёни аҳолӣ якбора боло рафт

Рӯзи гузашта гирифторӣ ба коронавирус дар миёни аҳолӣ якбора боло рафт


Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 297 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. 183 мавриди гирифторӣ дар марказҳои карантин ва 113 маврид гирифторӣ дар миёни аҳолӣ буд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд 67 нафар, дар вилояти Ҷиззах 27 нафар, дар вилояти Тошканд 11 нафар, дар вилояти Намангон 6 нафар, дар вилояти Сирдарё 2 нафар гирифтори коронавирус шуд. 1 нафар бемори дигар ронандаи мошини боркаши байналмилалӣ аст.
Дар давоми рӯз дар шаҳри Тошканд 130 нафар, дар вилояти Қашқадарё 45 нафар, дар вилояти Навоӣ 12 нафар, дар ҷамъ 187 бемор шифо ёфтанд.
Дирӯз шумори кулли шифоёфтагон ба 6034 нафар расид.
3017 нафар дар бемористонҳо муъолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 16 нафар аз онҳо вазнин, вазъи 8 нафари дигар хеле вазнин аст.
39 076 нафар шаҳрванд имрӯз дар карантини хонагӣ, 24 722 нафар дар марказҳои карантин таҳти назорати шифокорон ҳастанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ