Коллеҷҳо ба мактабҳои таълими умумӣ дода шуд

Коллеҷҳо ба мактабҳои таълими умумӣ дода шуд
  • Post category:Маориф


Мувофиқи қарори ҳокими вилояти Самарқанд аз 1-уми июли соли 2020:

  • Бинои дуқабатаи коллеҷи касбиву ҳунарии технологияҳои ахбори шаҳри Самарқанд, ки то имрӯз холӣ меистод ба мактаби таълими умумии рақами 23-и шаҳр ҷудо гардид.
  • Дар коллеҷи касбиву ҳунарии иқтисод ва сервиси Чандири ноҳияи Пастдарғам мактаби таълими умумии рақами 123-и ноҳия ҷойгир карда шуд.
  • Дар назди коллеҷи касбиву ҳунарии агросаноати ноҳияи Пастдарғам мактаби касбиву ҳунарии рақами 3 ташкил гардид.
  • Дар коллеҷи касбиву ҳунарии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Каттақӯрғон мактаби таълими умумии рақами 10 ҷойгир карда мешавад. Бинои мактаб бошад барои дар оянда ташкил кардани муассисаи таълими ба ҳокимияти ноҳия дода мешавад.
  • Бинои коллеҷи касбиву ҳунарии тадбиркорӣ ва иқтисодиёти ноҳияи Каттақӯрғон ба мактаби таълими умумии ихтисосонидашудаи давлатии рақами 1-и ноҳия дода мешавад.
  • Минбаъд аз бино ва иншоотҳои коллеҷи касбиву ҳунарии хизматрасонӣ ва сервиси ноҳияи Қӯшробот мактабитаълими умумии рақами 36-и ноҳия ҳамчун бинои иловагӣ истифода мебарад.
  • Коллеҷи касбиву ҳунарии хизмати маишии Пайариқ ба мактаби таълими умумии рақами 20-и ноҳия дода мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ