Ҳукумати Фаронса истеъфо дод

Ҳукумати Фаронса истеъфо дод

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Фаронса бо роҳбарии сарвазир Эдуар Филипп истеъфо дод. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса истеъфоро пазируфт.
Дар ин бора Кохи Елисей (қароргоҳи раисҷумҳури Фаронса) хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сарвазир имрӯз истеъфо доддааст. Ӯ бо аъзои ҳукумат то таъин шудани ҳукумати нав кори худро идома хоҳад дод.
Чанде пеш расонаҳои хабарӣ дар бораи тафовути назар дар миёни сарвазир ва раисҷумҳури Фаронса гузориш дода буданд. Эммануэл Макрон ҳафтаи гузашта тасдиқ кард, ки мехоҳад дар ҳукумат тағйироти кодриро ба амал оварад.
Манбаъ: ТАСС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ