Прага бар бемории коронавирус ғолиб гардида, барои ҳазор нафар зиёфати идона орост

Прага бар бемории коронавирус ғолиб гардида, барои ҳазор нафар зиёфати идона орост
  • Post category:Ҷаҳон

Дар Прага садҳо нафар ба хотири таҷлил намудани пирӯзӣ бар маризии коронавирус назди пули Карлова ҷамъ омаданд. Дар болои ин пул мизи 500 метра гузошта шуда, барои ҳазор нафар зиёфати идона дода шуд.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Прага бо хӯроку нӯшобаҳо ба ин макон омада, бидуни риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб, сӯҳбат мекарданд ва зиёфат мехӯрданд.
Ташкилкунандаи ин маърака, соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Ондрей Кобза мебошад.
«Мо мехоҳем, ки поёни бӯҳрони коронавирусро қайд кунем. Мардум имкон пайдо мекунанд, ки якдигарро бубинанд ва нишон диҳанд, ки онҳо аз мулоқот наметарсанд, аз гирифтани як порча сэндвич аз дасти ҳамсоя наметарсанд» , — изҳор намудаст Кобза.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Чех 349 фавт аз COVID-19 ва тақрибан 12 000 сироят ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ