Жан Кастекс сарвазири Фаронса таъин гардид

Жан Кастекс сарвазири Фаронса таъин гардид
  • Post category:Ҷаҳон

Жан Кастекс – собиқ муовини раиси маъмурияти президенти Фаронса ба мақоми сарвазирӣ таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 3 июл қасри президенти Фаронса хабар дод.
Вазифаи асосии Кастекс мусоидат ба кишвар дар берун шудан аз паёмадҳои коронавирус мешавад. Рӯзи ҷумъа президент Эммануэл Макрон истеъфои ҳукумат ба раҳбарии нахуствазир Эдуард Филиппро қабул кард, ки аз соли 2017 дар ин вазифа кор кардааст. Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд. Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад. Бархе пешбиниҳо ин аст, ки президент дар талоши тақвияти сиёсати иҷтимоӣ буда, ба пуштибонии соҳаи бизнес нигаронида шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ