Ҳангоми карантин бинои Порлумони Аврупоро ғорат карданд

Ҳангоми карантин бинои Порлумони Аврупоро ғорат карданд
  • Post category:Ҷаҳон


Ҳангоме, ки бинои порлумон дар Брюссел ба далели карантин баста шуда буд ва аъзои порлумони Аврупо ба сурати фосилавӣ кор мекарданд, дуздон дохили бино шуданд ва компютеру планшетҳо ва дигар лозимоти дафтарии беш аз 50 нафарро ғорат карданд.
Дар ин бора хабаргузории Politico гузориш додааст.
Дуздон барои пайдо кардани ашёи қиматбаҳо коғазу китобҳои намояндагонро ба чор сӯ андохтан ва сейфҳоро шикастанд.
Нико Земсротт, намояндаи олмонии порлумон, ки дуздон дуто ноутбукашро ба ғорат бурданд, гуфт, ки аз вокуниши мудирияти масъалаҳои амниятии Порлумони Аврупо (ба ин ҳодиса) дилхунук шуд.
Манбаъ: centralasia.media

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ