Имрӯз адиби соҳибравия, журналисти ботаҷриба, марди дарёдил Нусрат Раҳмат зодрӯз доранд

Имрӯз адиби соҳибравия, журналисти ботаҷриба, марди дарёдил Нусрат Раҳмат зодрӯз доранд
  • Post category:Фарҳанг

Агарчи буррогии қаламу маҳсули эҷодии журналисти маъруф, нависанда Нусрат Раҳмат нисбати навиштаҳои банда дар сатҳи баланд ва зиёд аст, ба вуҷуди он мо як умумият дорем. Ҳар ду ҳам ба журналистика аз соҳаҳои дигар омадаем.
Устодро баъди хатми донишкадаи кишоварзӣ ва андаке фаъолият чун энтомолог хабару мақолаҳои дар даври донишҷӯйӣ навиштаашонро ба эътибор гирифта, ба кори рӯзнома таклиф кардаанд. Мани математик пас аз ташкили рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба кори таҳририят аз рӯи зарурат – норасоии кадрҳо омадаам ва барои пешрафти фаъолият ва дар ҷараёни кор омӯхтани асрори рӯзноманигорӣ аз маслиҳату навиштаҳои устод, ки дар асарҳояшон овардаанд, фаровон истифода бурдаем.
Зиёда аз ин Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат баъзан аз воқеаву саргузаштҳои ҳангоми фаъолият дар таҳририятҳо аз сар гузарондаашон бамаврид ҳикоя мекунанд, ки барои навқаламон дарси мухтасари сермаҳсул гӯем, муболиғае нахоҳад шуд.
Дар бораи баромадҳои тезу тунди ӯ дар матбуот, қиссаву романҳояш ва ҳатто бо ҳаққи қалами як китоб харидани мошини сабукрави «Жигули» ва коллексияи қошуқҳои ҷамъкардааш борҳо ҳикоя карда навиштаанд.
Фармудаанд, ки
Фасона гашту кӯҳан шуд ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.
Ҳар боре, ки бо устод Нусрат Раҳмат вомехӯрем, хоҳ дар нишасте, ё ки сӯҳбати мухтасаре бошад, вай гоҳ хандида ва гоҳе ба як нуқта чашм дӯхта ҳикоя, саргузашт ё ки таърихи ин ё он хабару мақолаи навиштаашро ҳикоя мекунад.
Ҳар яки мо аз одамони касбу кор ва вазифаашон гуногун чунин ҳикояҳоро борҳо шунидаем, вале на ҳамаи онҳо дар хотири шумо дер боқӣ мемонанд. Вале ҳар бор ҳикояҳои устодро ба хотир меоред, гӯё луқмаеро мемонад, ки ҳар қадар хонед, ҳамон миқдор мазааш ширинтар мешавад, аз он паҳлӯҳои нав ба нави пандомезро дарк мекунед. На танҳо навишта ва ҳикоятҳои устод пандомез аст, балки ҳаёташ низ ибратбахш мебошад.
Рӯзу солҳои умри пурбаракоти Нусрат Раҳматро имрӯз пеши назар оред, аз ҳаёти қаламкашони дигари ҳамсолаш тафовути калон надорад. Онҳое, ки бо маошу ҳаққи қалам умр мегузаронанд, умри худро сарфи ҷамъоварии сарвати моддӣ намекунанд. Аз воқеаву саргузаштҳои ҳикоякарда, қиссааҳои фаъолияти эҷодиаш ба хулосае меояд, ки вай кӯшиш кардааст тамоми умр аз паси меҳнати худ нон хӯрад. Ба фарзандон низ луқмаи ҳалол диҳад. Мегӯянд, ки ҳалолро ҳисобу ҳаромро завол. Имрӯз устод дар ҳалқаи фарзандони аҳлу солеҳ ва набераву абера бо ҳамсари худ хушбахтона эҷод карда ва тинҷу осоишта умр ба сар мебаранд.
Чунин гузарондани умр ба ҳар ки ҳам насиб намекунад. Шояд ин подоши Парвардигор барои заҳмати бисёрсолаи эҷодкоре аст, ки дар вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ ҳамеша ба қалам содиқ монда, кору зиндагӣ кардааст. Ё подоши дар ҳар маврид, хоҳ назди сардори идора бошаду хоҳ назди корафтодае, хоҳ назди сарватманде бошаду хоҳ назди гадое, ба ақида ва қоидаҳои ахлоқи худ содиқ мондааш бошад.
Ба ҳар ҳол имрӯз 3-юми июл Нусрат Раҳмат дар ҳалқаи пайвандону наздикон зодрӯзи худро ҷашн мегирад.
Аз номи аҳли кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва мухбирони ҷамоативу мухлисони он устодро бо ин рӯзи нек самимона табрик гуфта, тани сиҳат, умри дароз, илҳоми тозаи эҷодӣ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзумандем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ