Рекорди нави гирифторӣ ба коронавирус дар як рӯз дар Ӯзбекистон


Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 318 мавриди гирифторӣ ба коронавис сабт шуд. Рӯзи 2 июл ин шумор 297-то буд.
Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустии кишвар хабар дод.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 217 бемор шифо ёфтанд, ки ин низ натиҷаи рекордӣ мебошад.
Дар зимн 2 нафар бемор дар шаҳри Тошканд вафот карданд ва шумори қурбониёнии COVID-19 дар кишвар ба 29 тан расид.
Бо ин ҳол, рӯзи гузашта шумори кулли беморон ба 9396 тан расид. 3116 нафар дар бемористонҳо муъолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 16 нафар вазнин, вазъи 8 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ