Бахти аз ҳама баланд – ба инсон нафъ овардан

Бахти аз ҳама баланд – ба инсон нафъ овардан

Дар вилоятамон барои ривоҷу равнақи деҳот, кам кардани камбағалӣ ва таъмини шаҳрвандон бо кори доимӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Санаи 2-юми июли соли ҷорӣ раиси шӯрои ташкилотҳои Иттифоқи касабаи вилоят, депутати Шӯрои вилоят Сӯҳроб Рафиқов сокинони маҳаллаи «Нурли келажак»-и шаҳри Самарқанд сӯҳбат ороста, бо шароит ва муаммоҳои ҳалталаб шинос шуд.
Дар маҳаллаҳои «Нурли келажак» 1298 хонадон буда, 1340 оила ва 4954 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Дар маҳалла 49 оилаи камбизоат дар рӯйхат буда, моҳҳои май-­июн ба онҳо 9 навъи маҳсулотҳои хӯрокворӣ расонида доданд. Дар ҷараёни сӯҳбат раис ва фаъолони маҳаллаи «Нурафшон», «Шукрона», «Нурли келажак» иштирок карда, дар таъмини масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон ва иҷрои он, пешгирии камбағалӣ, таъмини зан ва духтарон бо кори доимӣ ва ободонии минтақа эътибор карданд.
Сӯҳроб Рафиқов муроҷиати шаҳрвандонро онлайн қабул карда, дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои чун норасогии об, гирифтани кредит, хонаву ҷой ва ғайраҳоро зери назорати депутатӣ гирифт.

Акбар АБДУСАМАДОВ,
ҷонишини маслиҳатчии раиси шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои Иттифоқи касабаи вилояти Самарқанд оид ба масъалаи ҷавонон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ