Кӯчаи Нарпай намуди замонавӣ мегирад

Таъмиргарони роҳ, кӯчаи Нарпайи шаҳри Самарқандро дар муддати кӯтоҳ таъмир карданд. Онро корхонаи давлатию унитарӣ «Самарқанд йӯллардан фойдаланиш», ки роҳбариашро Муродхон Ҳоҷихонов ба ӯҳда дорад, 4 километр роҳро мумфарш намуда, дар ду тарафи роҳ барои пиёдагардон роҳрав ва роҳи велосипедгард сохтанд.
– Дар ҷамоаи мо зиёда аз 70 нафар меҳнат мекунанд. Дар ин кор ҳиссаи хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ низ калон аст. Инчунин, ободонсозии қабристони «Тӯқмонбей»-и маҳаллаи Наймани ноҳияи Пастдарғам аз назар дур намонд. Девори онро таъмир карда, дар атрофи он зиёда аз 200-то дарахти ақарағайи сиёҳ шинонидем ва гулзор кардем, – мегӯяд корбари корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ Ориф Ҳасанов. – Ҳоло бо роҳбарии бригадири маҷмӯа Озодилло Хӯҷақулов қисми беруни девори қабристонро нақш медиҳем.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи ташкилотҳои мутасаддӣ 4-то чароғаки роҳ гузошта, симҳои электрикии 120-то симчӯби бетонӣ ба тартиб оварда шуд.
Ғайр аз ин, роҳсозон 3 истгоҳи автомобилии калон ва 4-то хурд сохта, зиёда аз 5 ҳазор гулҳои ҳархела шинониданд. То имрӯз 25 ҳазор метр квадрат роҳ асфалтпӯш карда шуда, 1,5 кубометр корҳои бетонӣ ба анҷом расид.

Т.НОРҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ