Содироти Ӯзбекистон то охири сол ба 17,1 миллиард доллар мерасад

Содироти Ӯзбекистон то охири сол ба 17,1 миллиард доллар мерасад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл дар шакли видеоконфронс бахшида ба баррасии иҷрои нишондиҳандаҳои пешгӯйии фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии мамлакат бинобар натиҷаҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ, инчунин баррасии татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявиву техникӣ  бо Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҷамъомад баргузор намуд.
Дар рафти ҷамъомад оид ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорати сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ гузошташуда, аз ҷумла пешниҳодҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ, ки ба таъмини иҷрои нишондодҳои пешбинишавандаи ҷалби сармоя ва содирот, инчунин иҷрои саривақтии созишномаҳо бо шарикони хориҷӣ нигаронда шудаанд, ҳисобот шунида шуд.
Қайд гардид, ки вазъи эпидемиологии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои он ба фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон бевосита таъсир расонда, барои соҳибкорон дар масъалаҳои маблағгузорӣ, сохтмон, таъминоти ашёи хом ва таҷҳизоти зарурӣ монеаҳои муайян эҷод мекунанд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати дастгирии саривақтии истеҳсолкунандагон ва содиргарони ватанӣ чораҳо андешида шуданд.
Ҳамзамон, барои бо  захираҳои кофӣ таъмин намудани бонкҳои тиҷоратӣ маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар ҷалб карда шуданд.
Дар давраи баррасишаванда аз ҳисоби татбиқи 28 лоиҳаи бузурги сармоягузории арзишаш 1,8 миллиард доллар тақрибан 3,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд.
Дар доираи барномаҳои рушди минтақавӣ 2 049 лоиҳаи калони сармоягузорӣ ба маблағи умумии  9,5 триллион сӯм татбиқ гардид, ки имкони созмон додани беш аз 27 ҳазор ҷойи нави кориро фароҳам овард.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки айни замон дар як қатор соҳаҳо аз нишондиҳандаҳои пешгӯӣ қафо мондани азхудкунии сармояҳо ба муносибати хавфҳои ба пандемияи коронавирус вобаста ба назар мерасанд. Бо назардошти ин, сарвари давлат супориш дод, ки нишондиҳандаҳо ва рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузории татбиқашон ба нақша гирифташуда бо мақсади бечунучаро ноил гардидан ба натиҷаҳои бинобар ҷамъбасти соли 2020 пешбинишуда  таҷдиди назар карда шаванд. Интизорӣ меравад, ки дар охири сол ҳаҷми сармоягузориҳои ба иқтисодиёти кишвар ҷалбшуда 9,9 миллиард долларро ташкил диҳад, ки аз он 6,8 миллиардаш сармоягузории мустақими хориҷӣ ва 3,1 миллиардаш маблағи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мебошанд. Ба чорабиниҳо оиди дастгирии фаъолияти содиротӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар эътибори алоҳида дода шуд.
Таъкид гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои 6 моҳи соли равон корхонаҳои ватанӣ ба маблағи 6,1 миллиард доллар маҳсулот содир кардаанд. Ҳамзамон ба фаъолияти содиротӣ  950 корхонаи нав ҷалб карда шуда, ба хориҷ интиқол додани 85 намуди нави маҳсулот азхуд карда шуда, инчунин  иловагӣ ба бозори 4 давлати нав роҳи баромад пайдо шуд.
Ҳамзамон, бо назардошти вазъи ноустувори иқтисодии ҷаҳон, инчунин кам шудани талабот ва таклифот дар бозори ҷаҳонӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки оид ба  кам кардани таъсири эҳтимолии манфии омилҳои берунаи оқибатҳои пандемия ба фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар нимаи дувуми соли ҷорӣ маҷмӯи чорабиниҳо таҳия ва татбиқ намояд.
Интизорӣ меравад, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда содироти Ӯзбекистон то охири сол ба 17,1 миллиард доллар мерасад.
Дар тӯли солҳои охир нишондиҳандаҳои гардиши тарафайни мол бо ин кишварҳо мунтазам афзуда, дар соҳаҳои гуногун дар доираи «харитаҳои роҳҳо» пас аз ҳамоишҳои сатҳи баланд лоиҳаҳои нави муштараки кооператсия  татбиқ мегарданд.
Дар ҷамъомад ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳои нав барои амиқсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ якҷоя бо шарикони ҷопонӣ 48 лоиҳа ба маблағи 5,6 миллиард доллар дар чунин соҳаҳо мисли  геология, кимиё ва нафту кимиё, сектори бонку молия, нигаҳдории тандурустӣ ва маориф татбиқ мегарданд.
Аз ҷумла, лоиҳаҳо оид ба бунёди маҷмӯи меҳмонхонаҳо бо «ЭчАйЭс», васеъ гардондани иқтидорҳои истеҳсолии КМ «СамАвто»  бо ши

ркатҳои  «Исузу» ва «Иточу», сохтмони блокҳои энергетикӣ дар НБО-и Навоӣ бо ҷалби  қарзҳои имтиёзноки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва  дигарон бомуваффақият татбиқ мешаванд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди пандемия аз аввали сол робитаҳои мутақобилаи байни ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла ба воситаи технологияҳои замонавии иттилоотӣ фаъол гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбари давлати мо зарурати тавсеаи ҳамкориҳои амалии байни Ӯзбекистон ва Японияро бо роҳи  пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дақиқи иқтисодӣ таъкид кард.
Ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Куриё низ дар солҳои охир динамикаи мусбат нишон доданд. Аз аввали сол муомилоти мол ба 1 миллиард доллар расида, бо иштироки сармояи Куриё 60 корхонаи нав таъсис дода шуда,  шумораи умумии онҳо ба 855 расидааст.
Таъкид  гардид, ки соли равон лоиҳаҳо оид ба ташкили Маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагона дар Тошканд ва Донишгоҳи байналмилалии Ӯзбекистону Корея дар Фарғона бомуваффақият татбиқ шуданд, ки дар доираи он қариб 1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Сохтмони Кластери инноватсионии илмию истеҳсолии фармасевтӣ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд, ки 17 апрели соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт, босуръат идома дорад. Лоиҳа таъсиси Донишгоҳи техникии дорусозӣ ва инчунин истеҳсоли замонавии доруҳоро пешбинӣ менамояд.
Чунин соҳаҳо ба монанди кишоварзӣ, инноватсия ва ТИК, саноати кимиё, дорусозӣ, сабук, электротехникӣ ва заргарӣ, таълим ва тандурустӣ ба сифати самтҳои пешомаднок муайян шуданд.
Дар доираи барномаҳои кӯмаки молиявӣ ва техникии Агентии ҳамкории байналмилалии Куриё (KOICA) ва Фонди рушди иқтисодӣ 17 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 750 миллион доллар, аз ҷумла сохтмони Маркази технологияҳои кимиёвӣ, клиникаи тиббӣ барои калонсолон, бо таҷҳизот муҷаҳҳаз сохтани муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои таълими Ӯзбекистон татбиқ мешаванд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷопон ва Куриё азхудкунии сармояҳои хориҷӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ татбиқи амалии мувофиқаҳои бадастомада имкон медиҳад, ки беш аз 50 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсолот ба 4,1 миллиард доллар ва содирот 1,14 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Бинобар  натиҷаи сафари сатҳи баланд ба АМА дар соли 2019 силсилаи ҷиддии  ҳуҷҷатҳои дуҷониба, инчунин созишнома дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд. Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кимиё ва нафту кимиё, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳо ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз лоиҳаҳои мушаххас ба маблағи зиёда аз 4 миллиард доллар таҳия шуда, шумораи умумии корхонаҳои дорои сармояи аморат 141 ададро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки созишномаҳо бо ширкатҳои аморат аллакай натиҷаҳои худро медиҳанд.
Ҳамин тариқ,  ширкати «Масдар» ба сохтмони неругоҳи барқиву бодии иқтидораш 500 МВт дар вилояти Навоӣ сармоягузорӣ мекунад, ки сармоягузории умумӣ беш аз 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бо иштироки Фонди рушди Абу-Даби ширкати муштараки сармоягузорӣ бо сармояи 1 миллиард доллар таъсис дода шуд. Ширкат маблағгузории лоиҳаҳои аввалинро оғоз кард.
Фонди рушди Абу-Дабӣ дар навсозии инфрасохтори шаҳри Самарқанд иштирок мекунад.
Бо ширкати сармоягузории давлатии АМА «Мубадала» дар соҳаи энергетика, инчунин оид ба афзоиши истихроҷ ва коркарди амиқи карбогидридҳо лоиҳаҳо таҳия мегарданд.
Президент Шавкат Мирзиёев зарурати мутобиқи «харитаҳои роҳ» бо Ҷопон, Ҷумҳурии Куриё ва АМА пурра ва босифати иҷро намудани тадбирҳои барои соли 2020 пешбинишударо таъкид кард.
Оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шунида, чора ва вазифаҳои мушаххас муайян шуданд.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ