СҶТ: “Ремдисивир” ягона доруи умедбахш зидди коронавирус аст

СҶТ: “Ремдисивир” ягона доруи умедбахш зидди коронавирус аст
  • Post category:Саломатӣ


Доруи “Ремдесивир”, ки рӯзи 1 май дар ИМА барои муъолиҷаи COVID-19 пазируфта шуд, аз сӯи Сумия Сваминатан, муҳаққиқи илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ягона доруи умедбахш алайҳи коронавирус эътироф шуд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо ҳамин дору дар озмоишҳо натиҷа нишон дод. Бо вуҷуди ин, Сваминатан таъкид кард, ки “Ремдесивир” ҳолатҳои дар бемористон бистарӣ шудани беморонро коҳиш дод, вале шумори маргро кам накард. (Яъне, дору ба беморони вазнини COVID-19 кумак накард.
Доруи “Ремдесивир” барои мубориза бо бемори Эбола сохта шуда буд. Аммо дар муқобили Эбола ин дору коромад нашуд. Дертар, дар муъолиҷаи бемориҳои SARS ва MERS ин дору босамар истифода шуд.
Баъди он, ки ИМА истифодаи доруро дар муъолиҷаи мубталоёни коронавирус иҷоза дод, дар Аврупо низ ба фурӯши он рухсат доданд.
Манбаъ: Eurasia Daily

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ