Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада изҳори ҳамдардӣ кард

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада изҳори ҳамдардӣ кард
  • Post category:Ҷаҳон

Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.
Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.
«Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард», — афзуд сухангӯи президенти Русия.
Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 57-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.
Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ