Селу обхезӣ садҳо ҳазор шаҳрванди Японияро овора кард

Селу обхезӣ садҳо ҳазор шаҳрванди Японияро овора кард

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Япония бо таваҷҷӯҳ ба селу обхезӣ дар минтақаи ҷануби ғарбии кишвар сокинони маҳаллиро ба ҷойҳои бехатар интиқол медиҳад, бояд 145 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн мунтақил шаванд. Дар ин бора NHK хабар дод.
Ҳавошиносони Япония аз борони хеле шадид дар вилоятҳои Кагосима ва Кумамото ҳушдор медиҳанд. Дар ин вилоятҳо сатҳи оби дарё боло рафта обхезиҳоро аз пайи худ меоваранд. Гуфта мешавад, ки ба зудӣ минтақаи бузургеро об хоҳад гирифт. Дастаҳои нерӯҳои мудофиъаи Япония барои раҳсипорӣ ба ин минтақаҳои осебдида омода мешаванд, тон ба хадамоти имдодрасонии маҳаллӣ ёрӣ диҳанд.
Ҳоло як гурӯҳи махсуси маркази матбуъотии Синдзо Абе, нахуствазири Япония ҷод шудааст, ки дар бораи вазъият маълумот ҷамъ меоварад ва онро таҳлил мекунад.
Дар бархе аз минтақаҳо сел боиси заминлағза шудааст, ки дар натиҷа убур аз баъзе роҳҳо имконнопазир гардидааст.
Манбаъ: пойгоҳи хабарии “Российская газета”

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ