4-уми июл: ҷашнҳо ва воқеоти таърихии ҷаҳон

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.

Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

Соли 1631 дар Порис аввалин маротиба Агентии шуғл- идораи суроғавӣ таъсис дода шуд.

Соли 1997 дар Марс дастгоҳи «Pathfinder»-и Амрико фуруд омад.

Соли 2004 Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба футбол шуд.

Соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст овард.

 Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардид.

Соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 «Комсомоли ленинӣ» аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ